Ссылки доступа

"Ҷасади сокинони осоишта дар кӯча партофта шудааст". Хабарнигорон баъди рафтани неруҳои рус дар Буча чӣ диданд?


Низомиҳои украин чанд рӯзи пеш шаҳрро, баъди ақибнишинии хунини артиши Русия, бозпас гирифтанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва наворҳое нашр мешаванд, ки дар онҳо кӯчаҳои пур аз ҷасади сокинони осоишта инъикос ёфтааст.

Рӯзи 2 апрел хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Reuters ва AFP ба Буча рафтанд. Хабарнигорон кӯчаҳои пур аз ҷасади сокинони осоиштаро сабт карданд.

Бархе аз сокинон наздикони худро миёни кушташудаҳо шиносоӣ карданд. Дар аксҳо кушташудаҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки дастҳояшон аз пушта баста шудааст. Михаил Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина мегӯяд, эҳтимол дорад, онҳоро артиши Русия кушта бошад.

Ба иттилои раиси шаҳри Буча, ҷасади наздики 300 сокин дар гури дастаҷамъӣ дафн шудааст.

Вазорати мудофиаи Русия ба суоли Reuters дар бораи ҳаводиси Буча посух надод.

XS
SM
MD
LG