Ссылки доступа

Идораи мусалмонҳои Узбекистон ҳаҷми закотро муайян кард


Шӯрои фатвои Идораи мусалмонҳои Узбекистон ҳаҷми закот, садақаи фитр ва фидяи рӯзаро барои рамазони соли 2022 муайян кард.

Садақаи фитр дар ҳаҷми ду кило гандум, ду кило мавиз ва чаҳор кило хурмо муайян шудааст.

Ба иттилои Идораи мусалмонҳо, узбекистониҳо метавонанд, вобаста ба имкониятҳояшон яке аз гузинаҳоро интихоб кунанд.

Ин идора ҳаҷми закотро барои мусалмонҳои Узбекистон 34 миллион сӯм муаян кардааст. Афроде, ки на камтар аз 34 миллион сӯм доранд, бояд закоти онро пардозанд.

XS
SM
MD
LG