Ссылки доступа

Дар яке аз коргоҳҳои Қазоқистон коргаре фатидааст


Дар яке аз шахтаҳои ширкати "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон марди 36-сола ҷон бохтааст.

Ба иттилои ширкат, корманди он, ки дар маҳалли гудозиши оҳан кор мекард, 2 апрел ҷароҳат бардошта буд.

Дар "АрселорМиттал Темиртау" ҳалокати кормандро "ҳодисаи нохуш" номиданд. "Дар робита ба ин қазия комиссияи давлатӣ ташкил ва тафтишот оғоз шудааст", - гуфтанд масъулони ширкат.

Моҳи феврали соли равон низ дар корхонаи оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау" Мурод Утегенови 47-сола, сардори дастаи коргарон буд ба ҳалокат расида буд.

Он замон низ марги кормандро масъулони ширкат "ҳодисаи нохуш" номиданд. Қаблан Бархе аз вакилони порлумони Қазоқистон гуфтанд, ки ширкати "АрселорМиттал Темиртау" талаботи бехатариро риоя намекунад.

"АрселорМиттал Темиртау" дар чанд шаҳри вилояти Қарағанда нақбҳо ва корхонаи оҳангудозии Темиртауро дар ихтиёр дорад. Молики ин ширкат сарватманд Лакшмӣ Миттал аст.

XS
SM
MD
LG