Ссылки доступа

Ба 5,5 ҳазор афғонистонӣ дар Тоҷикистон мақоми гуреза намедиҳанд. Чаро?


Мақомоти масъули Тоҷикистон ба 5,5 ҳазор фирорӣ аз Афғонистон мақоми паноҳандагӣ намедиҳанд.

Ин теъдод аз афғонистониҳо давоми соли 2021 вориди Тоҷикистон шуда, танҳо “маълумотнома дар бораи будубоши муваққатӣ” доранд ва маҷбуранд, ҳар моҳ онро дароз кунанд.

Надоштани мақоми гурезагӣ мушкили зиёдеро барои гурезаҳо ба бор оварда, дар оянда мумкин аст, боиси ҷарима ва ё ҳатто ихроҷи онҳо аз Тоҷикистон шавад. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи манъи баррасии дархости фирориҳо гуфтанд, “ба далелҳои амниятӣ чунин тасмим гирифта шудааст”.

Ин масъала танҳо аз ВКД вобаста нест. Ба далелҳои амниятӣ чунин тасмим гирифта шудааст.

Мусаддиқ, яке аз масъулони ҳукумати пешини Афғонистон аст, ки пешопеши ишғоли шаҳри Кобул аз сӯи “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 ба Тоҷикистон паноҳ овардааст. Вай нахост, вазифа ва ному насабаш ба таври пурра зикр шавад. Аммо нақл кард, ки чӣ гуна ба Тоҷикистон расид ва дар бештар аз 7 моҳи будан дар инҷо чӣ гуна зиндагӣ дорад.

Ба қавли Мусаддиқ, вай бо визаи сайёҳӣ тавассути Эрон вориди Тоҷикистон шуда ва дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон муваққатан зиндагӣ дорад. “Мехоҳам, дар Тоҷикистон корт (шаҳодатнома)- и гуреза гирам. Маълум нест, вазъи Афғонистон дар ояндаи наздик чӣ мешавад ва чанд вақти дигар наметавонам, ба ватан баргардам. Зеро "Толибон” маро ба унвони яке аз масъулини ҳукумати Афғонистон мешиносанд ва дар пайи сӯиқасд ба ҷони ман ҳастанд," -- нақл кард ӯ.

Ин фирории афғонистонӣ мегӯяд, маҷбур аст, ҳар моҳ аз ноҳияи Кушониён ба Душанбе барои дарёфти “маълумотномаи муваққатии будубош” биояд. Рафту омад байни Кушониёну Душанбе болои ҳамаи машаққатҳояш душвории дигарро ба бор овардааст: навбатпойӣ барои дарёфти “маълумотнома” ва роҳкиро, ки ба гуфтааш "на ҳамеша пайдо мешавад".

Бештари паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд

Ба қавли масъулони созмони “Инсон ва Адолат”, ки ба кумаки ҳуқуқӣ ба фирориёни афғонистонӣ машғул ҳастанд, танҳо Мусаддиқ нест, ки ба ин мушкил дучор шудаст. Ба гуфтаи онҳо, тақрибан 5,5 ҳазор афғонистонӣ, ки дар соли 2021 бо ҳадафи паноҳ бурдан аз ҷангу таъқиби “Толибон” вориди Тоҷикистон шудаанд, наметавонанд, мақомои гурезагӣ бигиранд.

Ширинбек Давлатшоев, мудири созмони “Инсон ва Адолат", гуфт, аз моҳи августи соли 2021 ҷамоатҳо ва хадамоти коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки фирориёни афғонистонӣ онҷо ҷойгир ҳастанд, дастур гирифтаанд, ба паноҳандагон санад ё “справка”-и ҷойи зисти муваққат надиҳанд.

“Надоштани ин санад боис мешавад, ки фирориҳо наметавонанд, барои дарёфти мақоми гурезагӣ ҳамаи марҳилаҳои қонуниро гузаранд. На танҳо, дастур ба надодани санади ҷойи зист содир шудааст, балки Комиссияи муштараки иборат аз намояндагони 7 вазорату идораҳои Тоҷикистон, ки бояд дархости хориҷиҳоро барои пайдо кардани мақоми гурезагӣ баррасӣ кунад, аз моҳи август ба ин тараф амал намекунад,” -- гуфт Давлатшоев.

Тартиби гирифтани мақоми гурезагӣ: кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Ба иттилои ташкилоти «Инсон ва Адолат», ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки бо нияти дарёфти мақоми гурезагӣ ба Тоҷикистон меояд, бояд марҳилаҳои зерини ҳуҷҷатгузориро гузарад:

Давоми 10 рӯз (ба истиснои раводиди саёҳӣ), баъди ворид шудан ба кишвар, худро бояд дар суроғае сабтином кунад;

Давоми як моҳ бо дархости хаттӣ ба Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони Раёсати шиносномадиҳӣ ва сабтиноми ВКД муроҷиат намояд;

Дар асоси шартномаи иҷораи манзил, ки бо соҳибмулк мебандад, бояд ё аз ҷамоат ё аз хоҷагии манзиливу коммуналӣ дар бораи мавҷудияти суроға ва сабти ном шудан дар он санад бигирад;

Бо шартномаи иҷора ва санад аз хоҷагии манзиливу коммуналӣ дубора ба Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон муроҷиат кунад;

Шӯъбаи кор бо гурезагон санад аз хоҷагии манзиливу коммуналиро қабул ва барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ “рухсат” медиҳад;

Шаҳрванди хориҷӣ бояд давоми 10 рӯз як силсила ташхисҳои тиббиро анҷом диҳад; (Дар сурати бемор будан ба табобат фаро гирифта мешавад ва дар сурати доштани беморие, ки ба амнияти тандурустии кишвар хатар дорад, ба кишвари севум ё ватани худаш ихроҷ мешавад);

Ҳамаи ин санадҳоро ҷамъ орад ва аз Шуъбаи кор бо гурезагон шаҳодатномаи семоҳаи паноҳандагӣ гирад;

Дар асоси Корти муваққатии гурезагӣ ба Комисияи доимамалкунандаи назди ВКД барои дарёфти шаҳодатномаи гурезагӣ муроҷиат кунад.

Дар сурати набудани шубҳа ба дархосткунанда барои 3 сол мақоми гурезагӣ дода мешавад. Вале дар сурати нопурра будани маълумот муҳлати баррасии дархост 3 моҳи дигар дароз мешавад.

“Дар ҳар сурат, комиссия бояд дар 6 моҳ дархостро баррасӣ ва посухи мусбат ё манфӣ диҳад. Агар посух манфӣ бошад, дархостдиҳанда метавонад, ба додгоҳ муроҷиат кунад ва додгоҳ дар навбати худ метавонад, қарори такроран баррасӣ шудани дархости ӯро содир кунад”, - мегӯяд ҳуқуқшинос Ширинбек Давлатов.

Аммо ин раванд аз ибтидои моҳи августи соли 2021 манъ шудааст. Ба иттилои созмони “Инсон ва Адолат”, на танҳо ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои коммуналиву манзилӣ дар Тоҷикистон маълумотнома ё “справка”-и ҷойи зист - санади ибтидоӣ барои шуруъи раванди дарёфти мақоми гурезагиро намедиҳанд, балки фаъолияти комиссияи муштараки назди ВКД низ боз дошта шудааст.

Мушкили фирориҳои афғонистониро дар робита ба маълумотномаи ҷойи зисти муваққат ва манъи фаъолияти комиссияи муштарак дар ВКД тасдиқ карданд. Як мақомдори ВКД бе зикр ном гуфт, “ин масъала танҳо аз вазорат вобаста нест ва ба далелҳои амниятӣ чунин тасмим гирифта шудааст”. Манбаъ дар ВКД гуфт, Шуъбаи кор бо гурезагон ба дастгоҳи иҷроияи президент дар ин бобат нома навишта ва масъаларо шарҳ додааст. Вале маълум нест, ки комиссия корашро кай дубора шуруъ мекунад.

Давлатшоев, ҳуқуқшиносе, ки ба ёрии фирориҳои афғонистонӣ машғул аст, мегӯяд, афғонистониҳое, ки ба ин мушкил рӯ ба рӯ шудаанд, ҳар боре ба идораи онҳо омада, як суолро мепурсанд: “Сарнавишти мо чӣ мешавад?”

Дар созмони ҷамъиятӣ ҳам намедонанд, ки сарнавишташон чӣ мешавад. Танҳо инро медонанд, ки бино ба қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати нақзи тартиби будубош дар кишвар онҳоро ҷарима ва дар идома ихроҷ таҳдид мекунад.

Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, аз ин мушкили ҳамватанонаш огоҳ аст, аммо онро “масъалаи марбут ба мақомоти Тоҷикистон” медонад. “Фикр мекунам, ки баҳси амниятӣ бисёр муҳим аст. Ман сипосгузорӣ мекунам, то ба ҳоле он чунон мушкиле, ки бояд пеш меомад, наомад. Касеро депорт накарданд. Он касе тахаллуф мекунад, хуб мекунанд, ки ихроҷ мекунанд. Мо ба ҳеч ҷинояткоре иҷоза намедиҳем, ки биёяд кишвари Тоҷикистонро ноором кунад, биёяд, афкори террористиро таблиғ бикунад," -- гуфт сафир.

Итминони Заҳир Ағбар дар робита ба депорт нашудани фирориҳои афғонистонӣ аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2021 Дафтари паноҳандагони СММ аз истирдоди 11 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҷриба, эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар оянда низ фирориҳое, ки тартиби будубошро хоста ё нахоста риоят намекунанд, ҷарима ва аз Тоҷикистон ихроҷ хоҳанд шуд.

Сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, интизораш ин аст, ки “як амри фавқулода дода шавад, ки афғонистониҳо аз ҷарима озод шаванд. Ин як ҳолате аст, ки давлатмардони Тоҷикистон метавонанд, кумак кунанд. Нисбат ба афғонистониҳо бисёр сахтгирӣ сурат нагирад. Ҳар рӯзе, ки сулҳ дар Афғонистон ҳоким шавад, касе орзу надорад, ки дар берун аз кишвари худ бошад”.

Мусаддиқ, мақомдори ҳукумати пешини Афғонистон низ ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон фирорӣ ва дар талоши дарёфти мақоми гурезагӣ аст, мегӯяд, ҳамаи қонунҳои Тоҷикистонро риоя мекунад, танҳ хоҳони ба танзим даровардани санадҳои паноҳандагиш аст, то зиндагиаш осонтар шавад ва аз таҳдиди ҷаримаву ихроҷ озод.

XS
SM
MD
LG