Ссылки доступа

Қирғизистон имрӯз бо "Сентерра" созишнома имзо мекунад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов хабар дод, ки қарор аст, шоми 4 апрел бо ширкати канадагии "Centerra Gold Inc.", ки қаблан кони тилои "Қумтор"-и ин кишварро дар ихтиёр дошт, созишномаеро имзо кунанд.

"Шоми имрӯз, соати 18:30 дар ҷаласаи видеоӣ созишнома имзо мешавад ва баҳси худро бидуни кашидан ба додгоҳ қатъ мекунем. Ҳамааш ба нафъи мо ҳал мешавад", - навиштааст Ҷабборов.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 15 феврал иттилоъ дода буд, ки ҷонибҳои баҳс бар сари кони "Қумтор" ба тавофуқ расидаанд, аммо ҷузъиёти ин созишро шарҳ надод.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашид.

XS
SM
MD
LG