Ссылки доступа

Аксҳои моҳвораӣ аз "гӯри дастаҷамъӣ" дар Украина. Русия хостори баргузории нишасти Шӯрои амният шуд


Мақомоти Украина артиши Русияро ба "наслкушӣ" дар шаҳри Буча ва дигар шаҳрҳои ин кишвар муттаҳам карданд.

Аммо Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки даст ба куштори ғайринизомиён дар ин шаҳри воқеъ дар атрофи Киев назадааст. Нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба қатли ғайринизомиён дар Буча, вокунишҳои байналмиларо ба миён овардааст.

"Maxar" -- як ширкати хусусии амрикоӣ эълон кард, ки аксҳои моҳвораӣ чуқуриеро ба дарозии 13,7 дар ҳавлии як калисои украинӣ нишон медиҳад. Дар пайи ақибнишинии нерӯҳои рус аз шаҳри Буча, як гӯри дастаҷамъӣ кашф шудааст.

Хабарнигорони хабаргузории "Рейтерз", ки рӯзи шанбе аз шаҳраки Буча дидан карданд, ҷасадҳоеро дар кӯчаҳои он мушоҳида кардаанд. Яке аз гӯрҳои дастаҷамъӣ ҳанӯз пӯшида нашудааст ва ҷасадҳо дида мешаванд.

Украина рӯзи якшанбе нерӯҳои Русияро ба "куштори дастҷамъӣ" дар шаҳраки Буча дар 37-километрии шимол-ғарби Киев муттаҳам кард. Русия аммо ин иттиҳомро рад кард ва онро "таҳрикомез" хонд.

Ширкати хусусии "Maxar", ки аксҳои моҳвораӣ аз Украина таҳия ва нашр мекунад, гуфт, ки нахустин нишонаҳои кандани чуқурӣ барои як гӯри дастаҷамъӣ дар калисои Сант Андрев ва Первозванноҳо рӯзи 10-уми март дида шудааст. Ин ширкат дар идомаи баёнияи худ афзуд, "кашфиёти ахир дар рӯзи 31-уми март ҷойи ин гурӯҳи дастаҷамъӣ дар бахши ҷануб-ғарби наздик ба калисоро нишон медиҳад.

"Рейтерз" менависад, ки ба таври мустақил наметавонад аксҳоро ростозмоӣ (factcheking) бикунад ва мушаххас нест аксҳои нашршуда аз сӯи ин ширкати амрикоӣ аз ҳамон калисо гирифта шуда бошад, ки гузоришгарони ин хабаргузорӣ рӯзи шанбе аз он боздид карданд.

Бархе аз сокинон наздикони худро миёни кушташудаҳо шиносоӣ карданд. Дар аксҳо кушташудаҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки дастҳояшон аз пушта баста шудааст. Михаил Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина мегӯяд, эҳтимол дорад, онҳоро артиши Русия кушта бошад. Ба иттилои раиси шаҳри Буча, ҷасади наздики 300 сокин дар гури дастаҷамъӣ дафн шудааст.

Дар ин ҳол, Маскав хостори баргузории нишасте дар Шӯрои Амнияти МММ барои баррасии ҳодисаи Буча шуд. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи якшанбе гуфт, "Русия хостори баргузории як нишаст дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот бо таҳрикоти артиши Украина ва ифротиҳо дар шаҳри Буча шудааст".

Вай афзуд, "ҳадафи режими Киев" барои иртикоби ҷиноятҳои баъдии худ, барҳам задани гуфтугӯҳои сулҳ ва бештар кардани хушунатҳо аст".

Кашфи гӯрҳои дастаҷамъӣ дар Буча вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт ва аз ҷумла, Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид онро "такондиҳанда" хонд ва хостори анҷоми таҳқиқоти мустақил дар бораи он шудааст.

Ҳамчунин Олмон таъкид кард, ки Русия бояд баҳои ҷиноятҳои ҷангии худро бипардозад. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрик низ гуфт, ки аз назари ҳукумати Ҷо Байден, нерӯҳои русӣ муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG