Ссылки доступа

Туркманистониҳои дар хориҷ дармондаро тавассути Узбекистон ба кишварашон мефиристанд


Farap serhet geçelgesi. Arhiw suraty.

Расонаҳо менависанд, рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ тавассути гузаргоҳи марзии Фороб 127 шаҳрванди Туркманистон аз Узбекистон ба Туркманистон гузаштаанд.

Ин шаҳрвандонро дар минтақаи карантинии ноҳияи Фороби Туркманистон ба карантин гирифтаанд.

Бино ба тартиби ҷоришуда, ҳамаи афроде, ки аз хориҷ ба Туркманистон меоянд, барои пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус бояд ба карантин ирсол шаванд.

Расонаҳо менависанд, дар ҳудуди Узбекистон ҳазорон шаҳрванди Туркманистон қарор доранд, ки барои баргаштан ба ватанашон дар интизори рухсати мақомоти Туркманистон ҳастанд. Шаҳрвандони Туркманистон аз Туркия ва Русия ба Узбекистон омада ва қасд доранд, аз Узбекистон ба Туркманистон раванд.

Дар робита ба чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус, ҳазорон туркманистонӣ наметавонанд, ки аз хориҷ ба ватанашон баргарданд.

XS
SM
MD
LG