Ссылки доступа

Қирғизистон маоши кормандони соҳаи маорифро зиёд кард


Вазорати молияи Қирғизистон ҳисоботи худ дар бораи афзоиши маоши кормандони бахшҳои иҷтимоиро нашр кард.

Ба огаҳии вазорат, бештари маблағҳое, ки барои афзоиши маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо гашта буд, ба бахши илм ва маориф равона карда шудааст. Ҳаминтариқ маоши омӯзгорони мактабҳои миёнаву мураббиёни боғчаҳо 80 дарсад ва омӯзгорони донишгоҳу кормандони илмӣ 50 дарсад зиёд гаштааст.

Маоши кормандони тиббӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар бахшҳои техникӣ ва маъмурӣ фаъолият доранд, 50 дарсад баланд шудааст.

Моҳонаи кормандоне, ки дар бахши фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият мекунанд, 100 дарсад боло бурда шудааст.

Пештар раиси Девони вазирони Қирғизистон хабар дода буд, ки маоши кормандони давлатиро марҳала ба марҳала зиёд мекунанд.

XS
SM
MD
LG