Ссылки доступа

Владимир Зеленский дар Шӯрои Амнияти СММ суханронӣ кард


Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи сешанбе дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ кард.

Суханронӣ тавассути видео сурат гирифт ва Зеленский аз аъзои Шӯрои амният даъват кард, содиркунандагони ҷиноятҳоеро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд, ки ба гуфтаи вай, дар Укарина низомиҳои рус анҷом додаанд. Роҳбари Украина дар бораи ҳаводиси шаҳри Буча ба таври муфассал нақл кард. Вай гуфт, низомиҳои рус тамоми аъзои бархе хонаводаҳоро куштаанд, махсусан касонеро, ки ба мақомоти Украина кӯмак мерасониданд.

"Дар Буча ҳеч ҷинояте нест, ки онҳо анҷом надода бошанд. Онҳо тамоми аъзои хонаводаҳо - калонсолону кӯдаконро куштаанд, талоши оташ задани одамонро кардаанд. Бархеҳоро дар кӯча парронидаанд, бархеҳоро дар хона, аз болои мошини дигарон тонк рондаанд, занонро таҷовуз кардаву дар пеши чами кӯдаконашон куштаанд. Онҳо кишварро ба харобазор табдил медиҳанд", - нақл кард Зеленский.

Ба ҷуз ин, тавре Зеленский гуфт, "хушунаткор боиси буҳрони ғизоие шуд, ки мумкин аст, Африқо ва Осиёро ба гуруснагӣ кашонад".

Қатлу кушторро дар Буча президенти Украина "ваҳшиёнатарин ҷинояти ҷангӣ" баъди аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ номид. Вай гуфт, ин шаҳр - "танҳо яке аз чандин намунае аст, ки ғосиб дар бештар аз 40 рӯзи охир дар хоки Украина анҷом медиҳад".

Зеленский аз Шӯрои амнияти СММ хост, на танҳо ба таҳримҳои бештар нисбати Москва мусоидат кунад, балки Русияро аз Шӯрои амният берун андозад, зеро, ба гуфтаи вай, ҳаққи веторо дар ин созмон Русия ба "ҳуқуқи қатлу куштор" табдил додааст.

Намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амният Василий Небензя рӯзи сешанбе дар Шӯро дар мавриди вазъи башарӣ дар Украина гуфт, ки Русия дар Украина "ба иншооти шаҳрвандӣ ба хотири ҳифзи сокинони осоишта зарба намезанад".

Небензя дар муроҷиат ба Зеленский гуфт: "Мо ба хотири заминҳои Украина онҷо нарафтаем. Мо омадем, ки ба хунрезиҳои Донбасс сулҳи деринтизорро оварем. На оташбас, балки сулҳи устуворро. Барои ин бояд он хушунатро пешгирӣ кард ... он марази миллатгароиро бурид, ки Украинаро фурӯ мебарад, бо гузашти замон метавонист, Русияро ҳам фурӯ барад. Мо ба ин ҳадаф мерасем, умедворам, ба зудӣ", - гуфт дипломати рус.

Шоми 2 апрел расонаҳо аз пайдо шудани ҷасади сокинон дар кӯчаҳои Бучаи Украина хабар доданд. Ин шаҳр бештар аз 1 моҳ таҳти ишғоли неруҳои Русия буд. Неруҳои Украина баъди ақибнишинии артиши Русия шаҳрро бозпас гирифт. Баъди ақибнишинии русҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки дар онҳо дида мешавад, кӯчаҳои Буча пур аз ҷасади сокинони осоишта аст.

Мақомоти Украина гуфтанд, артиши Русия сокинони осоиштаро куштааст.

Вазорати мудофиаи Русия ин айбро рад мекунад. Дар изҳороти вазорати мудофиаи Русия омадааст, ки ҳамаи аксҳову наворҳо иғвогарона буда, "аз сӯи режими Киев ва расонаҳои ғарбӣ сохтакорӣ шудаанд".

XS
SM
MD
LG