Яке аз кушташудҳо 37 ва дигарӣ 31 сол дошт. Гуфта мешавад, ҳар дуи онҳо дар Узбекистон таваллуд ва соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро гирифта буданд.
Ба иттилои пешакӣ, дар деҳаи Дейреси ноҳияи Оқсийи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон чанд қирғизистонӣ савори асп мехостанд, миқдоре борро вориди Узбекистон кунанд ва ба ҳудуди он кишвар 500 метр ворид шудаанд. Саворон фармони марзбонони узбекистониро иҷро накардаанд ва ҳангоми боздошт тир кушода шудааст.
"Марзбонони Узбекистон барои ҳифзи ҷону сиҳатии худ тир кушодаанд, ду сокини осоишта кушта шудааст. Боқимондаҳо ба Қирғизистон фирор кардаанд", - омадааст дар хабари марзбонони Қирғизистон.
Марзбонони Узбекистон гуфтанд, қочоқбарон талош доштанд, ки ба маблағи бештар аз 20 ҳазор доллар мол гузаронанд.
Марзбонони ду кишвар барои баррасии ин ҳодиса мулоқот кардаанд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон дар ҷустуҷӯи афроде аст, ки аз ин ҳодиса фирор кардаанд.
Ҷасади кушташудаҳо ба ҷониби Қирғизистон супорида шудааст.