Дар ин бора дар фармони президенти Қирғизистон дар бораи ташкили шароити мусоид барои "кӯчиҳои рақамӣ" гуфта шудааст.
Аз ҷумла амр шудааст, ки раванди ироаи раводид ба мутахассисони хориҷии соҳаи IT содатар карда шавад. Ҳамчунин барои ҷалби ширкатҳои хориҷӣ дар бахши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам гардад.
Ба гуфтаи Ҷабборов, ҳадафи ин иқдом ҷалби мутахассисони боистеъдоди соҳаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба Қирғизистон мебошад.
Пештар дар ин бора раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров хабар дода буд.