Ссылки доступа

Дар Туркманистон ҷалби иҷбории омӯзгорон дар чорабиниҳои оммавӣ идома дорад


Туркманистон ҳамасола Рӯзи байналмилалии саломатиро 7 апрел бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва ширкати иҷбории кормандони давлатӣ таҷлил мекунад.

Расонаҳои давлатии Туркманистон ин чорабиниҳои иҷбориро иқдоми умумӣ барои ҳифзи муҳити зист меноманд.

Хабаргузории расмии Туркманистон иттилоъ додааст, ки кӯчаҳои шаҳри Ишқобод аз 4 то 11 апрели соли равон танҳо барои таксӣ, автобус ва нақлиётҳои дигари ҷамъиятие боз мебошад, ки барои сокинон хидмат мерасонанд.

​Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар Туркманистон бештар барои кормандони муассисаҳои давлатӣ мушкил эҷод мекунад.

"Кормандони муассисаҳои давлатӣ дар вилояти Марии Туркманистон гуфтанд, вақте субҳи 5 апрел ба коргоҳ ҳозир шуданд, ҳамаро ба чорабинии бахшида ба Рӯзи байналмилалии саломатӣ бурданд. Як манбаъ низ гуфт, дар он чорабинӣ танҳо кормандони бахши маориф ва тиб иштирок доштанд", - иттилоъ дод хабарнигори радио.

XS
SM
MD
LG