Ссылки доступа

Орбан гуфт, Путинро барои гуфтугӯи сулҳ ба Будапешт даъват кардааст


Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан гуфт, ки дар тамоси телефонии рӯзи чаҳоршанбе аз президенти Русия Владимир Путин даъват кардааст, барои гуфтугӯи сулҳ бо Украина ба Будапешт биояд.

Дар гуфтугӯҳо, ба гуфтаи Орбан, бояд президенти Украина Владимир Зеленский ва роҳбарони Олмону Фаронса ширкат кунанд. Орбан афзуд, ки ба ин пешниҳод Путин вокуниши "мусбат" карда, аммо чанд шарт гузоштааст. Орбан нагуфт, ки шартҳои Путин чӣ будаанд.

Сарвазири Маҷористон афзуд, вай аз Путин даъват кардааст, ки оташро дар Украина фавран хомӯш кунад. Рафтори Русияро дар Украина Орбан хушунат номид, аммо дубора такрор кард, ки кишвараш ба фарқ аз аксари кишварҳои узви НАТО, ба Украина аслиҳа намефиристад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Будапешт омода аст, талаби Кремлро иҷро ва гази Русияро бо рубли русӣ бихарад.

Михаил Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина дар шарҳи изҳороти Орбан гуфт, ки Киев онро ҷиддӣ намегирад. Гуфтугӯҳои Русияву Украина дар шакли онлайнӣ идома доранд, аммо эҳтимоли мулоқоти роҳбари ду кишвар дар Будапешт баррасӣ намешавад.

Ҳизби Орбан дар интихоботи чанд рӯзи пеш дар порлумон пирӯз шуд. Бисёре аз сиёсатмадорони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо Орбанро баро мавқеи рӯ ба Путин танқид мекунанд. Маҷористон комилан хилофи эъломи эмбарго ба гази Русия аст.

XS
SM
MD
LG