Ссылки доступа

Ба Думаи Русия қонунеро ворид карданд, ки имкони манъи фаъолияти расонаҳоро ба додситонӣ медиҳад


Тарҳи қонуне ба баррасии вакилони Думаи давлатии Русия ворид шудааст, ки ба додситонии кулли Русия ҳаққи бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти расонаҳоро медиҳад.

Ба ин тартиб, дар сурати қабули тарҳи мазкур, додситони кулли Русия ва муовинонаш ҳақ пайдо мекунанд, ки ба далели "дурӯғпароканӣ" дар бораи низомиҳои Русия ва "беобрӯсозӣ"-и низомиҳо, даъват ба таҳримҳо, инчунин паҳни иттилое, ки дар он "беҳурматии ошкоро ба ҷамъият, давлат ва Конститутсияи Русия" мавҷуд аст, расонаҳоро банданд.

Ин тарҳи қонун ба додситон кул ва муовинонаш иҷоза медиҳад, ки расонаҳоро ҳатто барои бознашри матлаби расонаҳои дигар ва ё нақли қавл кардан аз рӯзноманигорон банданд.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина мақомоти Русия барои "беобрӯсозии артиши Русия" ва "паҳнсозии иттилои бармало дурӯғ" дар бораи низомиҳои рус қонуни нави ҷазои маъмурӣ ва ҷиноӣ қабул карданд. Касоне, ки дар асоси ин моддаҳо айбдор мешаванд, то 50 ҳазор рубл ҷарима ва ё то 15 сол зиндонӣ мегарданд. То ин замон дар Русия даҳҳо парванда дар асоси қонунҳои нав боз шудааст.

XS
SM
MD
LG