Ссылки доступа

Муҳоҷирони тоҷику узбекро барои занозанӣ аз Русия ихроҷ мекунанд


Пулиси шаҳри Москва 85 шаҳрванди Тоҷикистон ва 41 узбекистониро бо гумони иштирок дар занозании гуруҳӣ миёни муҳоҷирон корӣ боздошт кардааст.

Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон 6 апрел хабар дод, ки интизор меравад, 20 муҳоҷири дастгиршударо аз Русия ихроҷ кунанд.

Ба огаҳии оҷонс, занозанӣ 1 апрел нахуст миёни ду корманд сар зада, сипас кормандони дигар низ ба онҳо пайвастаанд.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар маҳалли сохтмони Маҷмааи зисти "Дили пойтахт" дар Москва миёни муҳоҷирони корӣ занозанӣ рух дода, маъмурони пулис 125 касро дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG