Ссылки доступа

Бонки миллии Қирғизистон вазъи бозори асъорро шарҳ дод


Бонки миллии Қирғизистон вазъ дар бозори асъори он кишварро шарҳ дода, гуфт, "он нисбатан устувор боқӣ мемонад".

"Дар ҳоли ҳозир талабот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ афзоиш меёбад, ки омилҳои психологӣ дорад", - афзудааст бонк.

Ба огаҳии Бонки миллии Қирғизистон, қурби расмии 1 доллари амрикоӣ аз аввали соли равон нисбат ба соми қирғизӣ 1,06% гаронтар шуда, он аз 84,8 то 85,7 сом расидааст.

"Бонк дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади рафъи тағйирёбии якбораи қурби асъор ва нигоҳдории вазъи мӯътадил дар бозори асъор метавонад сари вақт дахолат карда, чораҳои дахлдорро андешад. Зеро захираҳои кофӣ ва воситаҳои сиёсати пулию қарзиро дорад", - омадааст дар изҳорти Бонки миллии Қирғизистон.

Ин ниҳод гуфта, ки феълан 2 млрд 626 млн доллар захира дорад, ки барои рӯйпӯш кардани воридоти мол ва хидматрасониҳо дар кишвар ба муҳлати наздики 6 моҳ кифоя мебошад.

XS
SM
MD
LG