Нашрияи "The New York Times" дар ин бора бо истинод ба як мансабдори баландпояи ғарбӣ хабар додааст. Ҳамсуҳбати нашрия гуфтааст, НАТО бар ин аст, ки "ҷанги Украина тӯлонӣ ва дардовар хоҳад буд".
Кишварҳои Балтик ва Лаҳистон исрор меварзанд, ки муносибатҳо бо Русия комилан қатъ шавад. Ба гуфтаи онҳо, ҳар чизе ки Русия ҳамчун пирӯзӣ ба даст меорад, ба амнияти Аврупо хатар хоҳад дошт.
Туркия, Олмон ва Фаронса дар навбати худ мегӯянд, тамосҳо бо раисҷумҳур Владимир Путин сарфи назар аз иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ зидди артиши Русия бояд идома дода шаванд.
Дар шаҳри Брюссел мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО ҷараён дорад. Вазири умури хориҷии Бритониё Лиз Трасс гуфтааст, муносибатҳои НАТО бо Русия бояд комилан бозбинӣ шаванд.