Ба ҷуз ин вай мансаби ноиб-сарвазир дар умури амниятро бекор кард. Бердимуҳаммадов дар шарҳи аз мақом рондани вазири корҳои дохилии кишвараш гуфт, ки вазир Овездурдӣ Хоҷаниёзов пештар танбеҳи сахт гирифта буд.
Дар бораи тағйироти Бердимуҳаммадов рӯзи 6 апрел хабар дода шуд.
Сардор Бердимуҳаммадов - писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон аст, ки дар интихоботи президентии 12 март пирӯз ва 19 март ҳамчун президенти нав савганд ёд кард.