Ссылки доступа

НАТО кӯмак ба Украина, Гурҷистон ва Ҳерсоговинаро бештар мекунад


Йенс Столтенберг

Кишварҳои узви НАТО ба созиш расиданд, ки кӯмак ба Украинаро бештар ва ба он кишвар аслиҳаи зиёдтар ирсол кунанд.

Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар поёни дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО хабар дод.

Столтенберг дар пайи амалиёти ҷангии Русия дар ҳудуди Украина, ошкор накард, ки ба Украин чӣ навъи аслиҳа ирсол мекунанд.

Кишварҳои узви НАТО ҳамзамон ба созиш расиданд, ки кӯмак ба Гурҷистон, Босния ва Ҳерсоговинияро низ афзоянд.

Гурҷистон аз ҷумла дар бахши амният кӯмак хоҳад гирифт. Босния ва Ҳерсоговиния дар бахши мудофиа кӯмак дарёфт мекунад.

Кишварҳои НАТО ҳамзамон гуфтанд, ки фишор ба Кремлро меафзоянд - нисбати ниҳодҳои давлатии Русия таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

Русия бо фармони президенти он кишвар Владимир Путин рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла кард. Киев Москваро дар ҳадафмандона тахриб кардани зерсохторҳои шаҳрвандӣ айбдор мекунад. Ҷониби Русия мегӯяд, танҳо иншооти низомиро мавриди ҳамла қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG