Дар ин бора муовини вазири молияи Қазоқистон Татяна Савелева рӯзи панҷшанбе хабар дод.
Қароргоҳи президент дар Алмато дар авҷи бетартибиҳои моҳи январ аз сӯи эътирозгарон тасарруф шуда буд. Расонаҳои маҳаллӣ моҳи феврал навиштанд, дар ошёнаи якуми бино мошине таркидааст, ки онро тазоҳургарон ба дохил ворид карда буданд. Бино осеб дидааст.
Мақомоти Қазоқистон моҳи марти соли равон тасмим гирифтанд, ки ин биноро тахриб кунанд. Он ҳамчун қароргоҳи президенти нахустин дар рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги Қазоқистон шомил буд.