Ссылки доступа

Нақшаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон бо вуҷуди таҳримҳо алайҳи Русия бекор нашудааст


Ширкати давлатии русии "Росатом" гуфтааст, сарфи назар аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Москва нақшаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистонро "фаъолона" пеш мебарад.

"Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти ин тарҳ дар ҳоли баррасӣ буда, ҳамаи мо хуб медонем, иншооти мазкур як тарҳи стратегии ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки ба нафъи кишварҳои мо мебошад", - афзудааст намояндаи "Росатом" Вадим Титов 4 апрел дар суҳбат бо "Podrobno.uz".

Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки ҳамаи оқибатҳои таҳримҳои ғарбӣ ҳанӯз муайян нашудаанд, чунин изҳори боварӣ бармаҳал хоҳад буд. Зеро таҳримҳо метавонанд нақшаҳои "Росатом"-ро барои бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон зери хатар гузоранд.

Масъалаи бунёди нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нирӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Ӯзбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

Лихачев он замон гуфта буд, ки Русия пешниҳод дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ сохта шавад. Иқтидори нирӯгоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Ӯзбекистонро таъмин мекунад. Бино бар барномарезии мақомоти Ӯзбекистон, неругоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Тибқи нақша, нирӯгоҳ бояд то соли 2030 мавриди истифода қарор гирад. Ҳукумати Русия барои бунёди он ба Ӯзбекистон қарз хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG