Ссылки доступа

Қазоқистонро камчиншавии орд таҳдид мекунад


Истеҳсолгарони орд дар Қазоқистон гуфтаанд, захираи онҳо "тахминан барои якуним ҳафтаи дигар" мерасад ва баъд аз он маҷбур ҳастанд, ки дари осиёбҳои худро банданд.

Дар ин бора Иттиҳодияи коркардкунандагони ғалла дар Қазоқистон хабар додааст. Ба иттилои иттиҳодия, ҳоло нархи як тонна гандум дар Қазоқистон то ба 160 ҳазор танга (ҳудуди 360 доллар) гарон шудааст.

Манбаъ афзуда, ки баъзе аз осиёбҳо дар Қазоқистон аллакай фаъолияти худро қатъ кардаанд. Аз ҷумла, дар Қарағанда аз 36 осиёб 15 тоаш фаъол боқӣ монда, аксари осиёбҳои Павлодару Алмато фаъолиятро қатъ намудаанд.

"Мо истеҳсолгарони орд, 2-3 ҳафта мешавад, ки гандум харида наметавонем. Пешниҳодҳо нестанд. Бояд ба назар гирифт, ки орд хеле гарон мешавад. Ин гароншавӣ ногузир аст", - изҳор доштааст муовини раиси иттиҳодия Талгатбек Алихан дар суҳбат бо "eldala.kz".

XS
SM
MD
LG