Ссылки доступа

Марзи заминии Қирғизистон бо Қазоқистон боз шуд. Марзбонон шартҳои равуоро шарҳ доданд


Шуруъ аз 11 апрел ҳамаи маҳдудиятҳои равуо дар марзи заминии Қирғизистон бо Қазоқистон бардошта шуд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки қирғизистониҳо метавонанд, аз гузаргоҳҳои "Чалдибар-мошингузар", "Оқ-Жол-мошингузар", "Кен-Булун-мошингузар" ва "Токмок-мошингузар" вориди Қазоқистон шаванд.

"Ҳангоми убури марз шаҳрвандони Қирғизистон ва шаҳрвандони хориҷӣ бояд, ташхиси коронавирус ва ё шаҳодатномаи воксингирифтагӣ дошта бошанд", - хабар доданд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Қазоқистон шуруъ аз 11 апрел ҳамаи маҳдудиятҳои убуру мурури заминиро бо Русия, Узбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.

Гузаргоҳҳои Қазоқистон бо Қирғизистон ба далели паҳншавии вабои коронавирус аз баҳори соли 2020 баста буданд. Шаҳрвандони Қирғизистон танҳо тавассути ҳавопаймо метавонистанд, ба Қазоқистон раванд.

XS
SM
MD
LG