Талоши сафед кардани ҳамлаи Русия ба Украина, аз ҷумла қатли шаҳри Буча аз сӯи як омӯзгор норизоии донишҷӯёнро ба бор овард.
Баъди эътирози донишҷӯён роҳбарияти Донишгоҳи Андиҷон барои тафтиши баҳс гуруҳи махсус таъсис дод.
Дар натиҷаи таҳқиқ як омӯзгори 67-солаи донишгоҳ "ҳушдори қатъӣ" гирифтааст.
Донишҷӯён гуфтанд, ки омӯзгор дар ҷараёни дарс талош кардааст, аз Русия ситоиш ва Украинаро давлати миллатгаро ё фашистӣ баҳо диҳад.
Роҳбарияти Донишгоҳи Андиҷон ба ҳамаи мудирони кафедраҳо дастур додааст, ки ба омӯзгорон бигӯянд, то дар ҷараёни дарс изҳори дидгоҳҳои сиёсӣ накунанд.
Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон пештар гуфта буд, ки Тошканд дар масъалаи ҳамлаи Русия ба Украина мавқеи бетарафона дорад.