Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.
Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки ба далели ҳамлаи Русия иқтисоди Украина мумкин аст, 45,1 дарсад коҳиш ёбад, "аммо бештару камтар шудани ин дарсадҳо ба давомнокии ҷанг марбут аст".
Рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қазоқистон (ММД), ки 40 дарсади маҳсулоти хориҷиаш аз Русия ворид мешавад, мумкин аст, дар соли 2022 1,5 дарсад коҳиш ёбад.
Бонки ҷаҳонӣ коҳиги рушди ММД Русияро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 11,2 дарсад пешбинӣ мекунад.