Ссылки доступа

Ҷамъшавии дубораи мошинҳо дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон


Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҷамъшавии мошинҳоро дар сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон шарҳ дод.

Ба иттилои хадамот, дар гузаргоҳи марзии "Ак-Тилек – автодорожный"-и Қирғизистон бо Қазоқистон шоми 11 апрел беш аз 200 мошини боркаш ҷамъ шуда, дар гузаргоҳҳои боқӣ чунин ҷамъшавии мошинҳо ба мушоҳида намерасад.

"Ҷамъшавии мошинҳо ба далели афзоиши интиқоли мол ва суст тафтиш шудани онҳо аз сӯи марзбонони қазоқ ба миён омадааст. Худи ронандагон ва интиқолдиҳандагони мол ба амали марзбонони қирғиз эътирозе надоранд", - афзудааст хадамот.

Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон аз 11 апрел маҳдудиятҳоро дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Русия, Узбекистон ва Қирғизистон бекор кардааст.

XS
SM
MD
LG