Ссылки доступа

Узбекистон ба Украина кумаки башардӯстона фиристод


Мақомоти Узбекистон ба Украина беш аз 34 тонна кумаки башардӯстона фиристодаанд.

Маъмурияти вилояти Закарпатеи Украина хабар додааст, ки кумаки ҷониби Узбекистонро 8 апрел дастрас карданд.

Ба гуфтаи раиси вилоят Виктор Никита, кумак иборат аз доруворӣ ва маводи ғизоӣ аст.

"Кумаки башардӯстонаро фавран ба минтақаҳои даргир мефиристем", - афзудааст маъмурияти вилояти мазкур.

XS
SM
MD
LG