Ссылки доступа

Неҳаммер гуфт, бо Путин суҳбати ошкор, вале сахте дошт


Карл Неҳаммер, нахуствазири Австрия, гуфт, бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, дар бораи ҳамлаи беасоси Маскав ба Украина гуфтугӯи "ошкору мустақим ва сахте" дошт.

Бино ба изҳороти дафтари Неҳаммер, мулоқот 11-уми апрел ва бештар аз як соат идома кард.

Неҳаммер дар изҳорот гуфтааст, "ҷиноятҳои ҷиддии ҷангӣ дар Буча ва минтақаҳои дигарро ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки гунаҳкорон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

Бо вуҷуди далелҳои афзоянда, Русия мегӯяд, дар ҷанг алайҳи Украина мардуми осоиштаро нишон нагирифтааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, танҳо дар Буча беш аз 300 нафар аз дасти нерӯҳои Русия кушта шудаанд. Ин шаҳри воқеъ дар шимолу шарқи Киевро ҳафтаи гузашта аз дасти нерӯҳои Русия пас гирифтанд.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский кушторҳоро “ҷинояти ҷангӣ” ва “наслкушӣ” номид. Кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоро алайҳи Русия бештар карданд.

XS
SM
MD
LG