Ссылки доступа

Қазоқистон содироти орду гандумро маҳдуд мекунад


Қазоқистон содироти орду гандумро шуруъ аз 15 апрел маҳдуд мекунад. Дар ин бора Айдарбек Сафаров, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон рӯзи 11 апрел хабар дод.

Ба гуфтаи вай, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз камбуди гандуму орд дар бозори дохилӣ рӯи даст гирифта шудааст.

"Мақомоти дахлдор тасмим гирифтанд, ки содироти орду гандум то 15 июни соли 2022 маҳдуд карда шавад. Дар ин муддат аз Қазоқистон танҳо 1 миллион тона гандум ва 300 ҳазор тона орд содир карда хоҳад шуд", - гуфт Сафаров.

Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, ин кишвар наздики 90 дарсади гандум ва ордашро аз Қазоқистон ворид мекунад. Тасмими ахири Қазоқистон мумкин аст, ба бозори дохилии Узбекистон таъсири манфӣ расонад. Узбекистон нақша дошт, дар соли ҷорӣ на камтар аз 500 ҳазор тона гандум харидорӣ кунад.

Бино ба оморҳои расмӣ, Узбекистон дар соли 2021 аз Қазоқистон ба маблағи 648,3 млн доллар гандум ва ба маблағи 92,9 млн доллар орд харидааст.

XS
SM
MD
LG