Ссылки доступа

Муҳоҷирони тоҷикистонӣ баъди ҷанг дар Украина дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия нестанд (видео)


В Таджикистане упал спрос на российское гражданство: причина – война в Украине
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

В Таджикистане упал спрос на российское гражданство: причина – война в Украине

Шуруъ аз 24 феврал, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина, шаҳрвандии Русия дигар барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ як орзу нест.

Дар ин бора ҳам муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар мекунанд ва ҳам сиёсатшиносони тоҷикистонӣ.

То оғози ҷанг вазъ дигаргуна буд. Ба иттилои мақомоти Русия, миёни сокинони кишварҳое, ки бештар дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия буданд, Тоҷикистон дар мақоми дувум қарор дошт. Дар соли 2021, ба иттилои расмӣ, бештар аз 103 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Дар панҷ соли охир ин омор ба 300 ҳазор мерасад.

Барои аксарияти кулли зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русия барои раҳо шудан аз монеаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва осонии корҷӯӣ дар Русия даркор буд. Бисёре аз тоҷикистониҳо талош надоштанд, ки барои мудовим дар Русия бимонанд ва ё хонаводаҳояшонро ҳам онҷо кӯчонанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷикистонӣ мегӯяд, теъдоди касоне, ки дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия ҳастанд, ҳам ба далелиҳои иқтисодӣ ва ҳам ба далелҳои сиёсӣ, кам шудааст. Аммо, бешубҳа, ҷанги Русия дар Украина ба тасмими зодагони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия таъсир расонидааст.

"Пеш аз ҳама даромад дар Русия мисли пешин нест. Дар Русия ҳоло ҷойи кор зиёд пайдо кардан имкон надорад ва ҳукумати Русия талош дорад, ки пеш аз ҳама шаҳрвандони худро бо ҷойи кор таъмин кунад. Ин яке аз сабабҳост. Ба илова, ҷанг дар Украина: тарси шаҳрвандони мо аз он ки ба ин ҷанг кашида шаванд - хеле зиёд аст. Ба ҷуз ин, ҳарчанд Жириновский дигар нест, аммо сиёсатмадорони дигар, Сергей Миронов ва амсоли вай ҳастанд. Онҳо даъват доранд, ки ба зодагони Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандӣ дода нашавад", - гуфт Қодиров.

Шуруъ аз 5 апрел Думаи давлатии Русия дарёфти шаҳрвандии ин кишварро барои хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикистониҳо осонтар кард. Аммо, ба гуфтаи Қодиров, сокинони Тоҷикистон барои гирифтани шаҳрвандии Русия дигар талоши зиёд нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG