Ссылки доступа

Як сармоягузори аҳроми молӣ дар Қазоқистон худро оташ зад


Рӯзи 11 апрел як ҷабрдидаи парванди аҳроми молӣ дар Қазоқистон дар назди бинои вазорати корҳои дохилии он кишвар худро оташ зад.

Зане, ки худро оташ зад 32 сол дорад ва дар бемористонӣ бо ҷароҳатҳои зиёд бистарӣ шудааст. Пизишкон вазъи сиҳатии ӯро "вазнин" арзёбӣ кардаанд.

Аз ин зан Багила Досмаилова ном бурда мешавад ва вай худро бо нишони эътироз назди бинои вазорат оташ задааст. Лаҳзаи оташ задани занро шоҳидон ба навор гирифта ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Дар мақомоти пулиси Қазоқистон гуфтанд, ки дар пайи ин ҳодиса бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" парванда боз шудааст.

Досмаилова, ки аз аҳроми молии Mudarabah Capital зиён дидааст, ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар марги вай сардори пулиси шаҳри Алмато Рустам Абдураҳмонов айбдор дониста шавад. Досмаилова навишт, Абдураҳмонов талош дорад, "парвандаро ҳарчи зудтар бандад".

Баъди навиштаи Досмаилова сардори пулиси шаҳри Алмато дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бархе аз гумонбарони парванда боздошт ва бархеи дигар дар пайгард ҳастанд ва парванда ба зудӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

Ба навиштаи расонаҳо, хонаводаи Досмаилова дар аҳроми молӣ наздики 45 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст. Рӯзи 8 апрел касоне, ки аз аҳроми молии мазкур зиён дида буданд, пушти дари идораи пулис дар шаҳри Алмато гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Дар солҳои охир ташкили аҳромҳои молӣ дар Қазоқистон афзудааст. Мақомот намояндагони бархе аз ширкатҳои хусусиро дар ғорати даҳҳо миллиард тангаи сокинон бо роҳҳои қаллобӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG