Ссылки доступа

Қирғизистон деҳаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар Лайлак тахлия мекунад


Сокинони деҳаҳои назди марзии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистонро ба ҷои дигар мекучонанд.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, сокинони деҳаҳои "Мақсад", "Интернационал", "Кулунду", "Достук", "Борбордук", "Арка" ва "Жаштык" дар робита ба вазъе, ки дар марз бо Тоҷикистон ба миён омадааст, ба ҷои амн интиқол дода мешаванд.

Дар намояндагии ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд натавонистанд дақиқ бигӯянд, ки чи қадар одамон ба ҷои дигар кучонида шудааст.

Сокини деҳаи "Жаштык" Сарвар Турдубоев гуфт, дар деҳаи онҳо танҳо мардон боқӣ мондаанд, ки вазро назорат мекунанд. "Мо садои оташкушоиро шунидем, ки ҳудуди нимсоат идома ёфт. Ҳоло ҳама ором аст. Занону кудакон ва пиронсолон аз деҳа рафтанд. Дар ҳамаи деҳаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамин ҳолат аст", - афзуд ӯ.
Ахиран дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дубора тирпарронӣ рӯй додааст. ​Ҳодиса шоми 12-уми апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд рӯй дод.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, як сарбозаш маҷруҳ шуда, сокинони чанд деҳа ба ҷои амн кӯчидаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG