Ссылки доступа

Қазоқистон паради ҳарбиро дар Рӯзи Ғалаба бекор кард


Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки имсол бахшида ба Рӯзи Ғалаба паради ҳарбӣ баргузор намекунанд. Дар ин бора Вазорати дифои Қазоқистон 13-уми апрел хабар дод.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳар сол 9-уми май Иди Ғалаба бар фашизм ё пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон таҷлил мешавад.

"Дар соли 2022 гузашти низомӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон ва Рӯзи Ғалаба ба нақша гирифта нашудааст," -- омадааст дар хабари Вазорати дифои Қазоқистон.

Мақомоти Қазоқистон дар солҳои 2020 ва 2021 ба сабаби пандемияи коронавирус паради Рӯзи Ғалабаро бекор карда буданд.

Маълум нест, ки Тоҷикистон имсол бахшида ба Рӯзи Ғалаба парад ё гузашти низомӣ баргузор мекунад ё не.

XS
SM
MD
LG