Ссылки доступа

Се зодаи Узбекистонро ба рӯйхати таҳримҳои Бритониё шомил карданд


UK, Foreign Office logo
UK, Foreign Office logo

Бритониё дар ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 13 апрел рӯйхати таҳримҳои зидди Русияро густариш дода, 206 тоҷиру сиёсатмадор, ҳамчунин аъзои хонаводаи онҳоро шомили таҳримҳо кард.

Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Бритониё хабар дод.

Дар рӯйхати нави таҳримҳо се зодаи Узбекистон низ шомил шудаанд.

Аввалӣ Гулбаҳор Исмоилова, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Тошканди Узбекистон ва шаҳрванди Русия, ки ҳоло сокини Тошканд аст, дувумӣ Саодат Нарзиева, зодаи Узбекистон ва шаҳрванди Русия, севумӣ Нигина Зоирова, соли таваллудаш 1987, зодаи Узбекистон ва шаҳрванди Русия ҳастанд.

Ба навиштаи нашрияи Gazeta.uz, Гулбаҳор Исмоилова хоҳари сарватмани узбектабори Русия Алишер Усмонов аст. Вазорати корҳои хориҷии Бритониё мегӯяд, нисбати Исмоилова ба он далел таҳрим ҷорӣ шудааст, ки Усмонов дороиҳояшро ба номи хоҳараш сабт кардааст.

Саодат Нарзиева низ хоҳари Алишер Усмонов аст. Нарзиева дар шаҳри Тошканд ба ҳайси пизишки занон фаъолият мекунад. Дороиҳои Нарзиева низ дар Бритониё ба ҳабс гирифта хоҳанд шуд. Пештар Иттиҳоди Аврупо низ нисбати Нарзиева таҳрим ҷорӣ кард.

Нигина Зоирова ёвари Михаил Фридман - соҳиби "Алфа бонк"-и Русия дониста мешавад. Мақомоти Бритониё мегӯянд, баъди он ки Фридман шомили рӯйхати таҳримҳо шуд, Зоирова соҳиби бархе аз дороиҳо гардид. Дар Бритониё бар ин назаранд, ки Фридман дороиҳояшро ба номи Зоирова сабт кардааст.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина Бритониё чанд бастаи таҳримҳоро нисбати Русия эълом кард. Таҳримҳо ба президенти Русия Владимир Путин, вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров, сарватман Роман Абрамович ва соҳибкорони дигар дахл карданд.

XS
SM
MD
LG