Ссылки доступа

Вазорати мудофиаи Русия: маллоҳони киштии низомӣ баъди сухтор наҷот дода шуданд


Русия рӯзи 14-уми апрел гуфт, баъди таркише муҳимтарин киштии ҷангии ин кишвар дар Баҳри Сиёҳ тахриб шудааст ва маллоҳонашро ба ҷойи амн кӯчондаанд.

Мақомдорони Украина таъкид мекунанд, ки киштии "Москва" бо зарбаи мушаки украинӣ мувоҷеҳ шуда буд.

Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба Вазорати мудофиаи Русия овардааст, ки дар анбори киштӣ таркиш ба амал омад, вале сабаби онро шарҳ надодааст.

Волии вилояти Одессаи Украина Максим Марченко иброз доштааст, ки киштии парчамбардори "Москва" ҳадафи ду мушаки зиддикиштии Нептуни истеҳсоли Укриана қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG