Ссылки доступа

М. Исмоилов: Ҳаққи рӯзноманигорӣ надорам, ҳаҷвнигорӣ мекунам


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори аз зиндон озодшуда бо Фарзон Муҳаммадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, ки рӯзи 16-уми апрел аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд, мегӯяд, бо қарори додгоҳ се соли дигар ҳақ надорад, ба рӯзноманигорӣ машғул шавад, вале ният дорад, ки ҳаҷвнигорӣ кунад.

Ӯро соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум карда буданд, ҳарчанд худаш мегуфт, бегуноҳ аст ва барои мақолаҳои танқидиаш дар бораи мақомоти маҳаллӣ аз ӯ ниқор гирифтаанд.

Мақомот гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ боздошт шуд. Додгоҳ ӯро барои ин гуноҳ ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот онро ҳукми сангин унвон карданд.

Ӯ дар нахустин мусоҳибааш, баъди озодӣ аз зиндон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар зиндони низомаш пурзӯр адои ҷазо кард, вале вазъи сиҳатӣ ва равониаш хуб аст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Ташаккур аз ҳамаи рӯзноманигороне, ки дар ин муддат бо навиштаҳояшон ба ман рӯҳу тавон бахшиданд. Мехоҳам ба рӯзноманигороне, ки солҳои 2014 аз ман дифоъ мекарданд миннатдорӣ баён намоям. Маҳз талошҳову навиштаҷоти онҳо буд, ки ман то ин дам сиҳату саломат мондам.

Радиои Озодӣ: Тӯли ин солҳо дар зиндон бо чӣ кор машғул будед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Дар он ҷо одам ба ягон кор машғул намегардад. Коре ҳам нест. Дар он ҷо оинномааш дигар асту амалаш дигар.

Радиои Озодӣ: Метавонед нақшаи як рӯзи дар зиндон буданатонро ба мо гӯед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Аз соати 21 то соати 5 : 30 хоб мерафтем. Дар як рӯз се маротиба зиндониёнро ҳисоб мекунанд. Тақрибан 1200 нафар будем. Дар оиннома кор ҳаст, вале дар амал қариб, ки дида намешавад.​

"Се сол ҳаққи рӯзноманигорӣ надорам, вале ҳаҷвнигорӣ мекунам"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:10:26 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо дар зиндон ҳам менавиштед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Бале, ман дар зиндон ҳам менавиштам. Дар онҷо мақомоти қудрати мардумро ягон чӣ навиштан намегузоштанд. Ҳама пинҳонӣ менавишт. Ман барои додгоҳу додситон менавиштам ва ба масъулони онҷо медодам. Афсӯс, ки онҳо мегирифтанду намедоданд.​

Радиои Озодӣ: Дар зиндон ба радио дастрасӣ доштед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Соли 2018 вақте ки дар зиндони низомаш сахттарин ҷанг сар шуд, эълон карданд, ки бо роҳбарии сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон, генерал Мансур Умаров радио гӯш кардан манъ аст. Ҳамаи радиоҳоро гирифтанд, лекин ягон ҳуҷҷат набуд. Танҳо радиои маро нагирифтанд. Онҳо медонистанд, ки ман журналист ҳастам, ягончӣ менависад гуфта нагирифтанд.

Радиои Озодӣ: Дар зиндон дигар зиндониён бо шумо чигуна муносибат мекарданд?​

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Хеле хуб муносибат мекарданд. Дар як утоқ 80 нафар будем, утоқ мисли толор (зал) аст, ҷои хоб дуқатора, наздик-наздик гузошта шудааст. Ҳол он, ки аз рӯи қоида 1,5 метр бояд аз ҳам дур бошад, аммо ин хел нест. Дигар зиндониён фахр мекарданд, ки ҳамин хел зиндониям ҳаст, ки аз радиову рӯзномаҳо гуфта меистад.​

Радиои Озодӣ: Шумо 8 солу 10 моҳ дар зиндон будед. Ҳоло баъди озодиятон гуфта метавонед, ки гунаҳкор будед ва ё ҳоло ҳам фикр доред, ки бегуноҳ паси панҷара рафтед?​

Муҳаммалюсуф Исмоилов: Не, ман хешро гунаҳкор ҳисоб намекунам. Ман барои халқ хизмат кардам. Ман ба муқобили терроризм мубориза бурда, ба маҳбас рафтам.

Радиои Озодӣ: Аммо шуморо ба гирифтани пора айбдор кардаанд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Бале, ҳамун духтаре, ки маро ба гирифтани пора айбдор карда буд, баъди як сол навишт, ки маро маҷбур карданд. Ман он духтарро гунаҳкор ҳисоб намекунам. Мақомоти қудратӣ ӯро ба гап гирифтагӣ буданд. Духтар ба ҳама кор қодир буд, лек дар охир пушаймон шуд. Ӯ заминфурӯш буд ва мақомот ӯро бо роҳе ба 9 соли зиндон маҳкум карданд. Дар авфе, ки соли 2019 шуда гузашт, озод гардид. Дар соли 2020 бо ҷурме боз зиндонӣ гашт. Аз даҳони мақомот фаҳмидам, ки барои кирдораш 18 сол доданд.​

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳақ надоред, ки 3 соли дигар ба кори рўзноманигорӣ машғул шавед. Чӣ нақша доред ва бо чӣ кор машғул шуданӣ ҳастед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Мегӯянд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст. Ман кушиш мекунам, ки дар рӯзнома ҳаҷв нависам. Ҳаҷвнигорӣ манъ нашудааст. Ҳаҷвҳои ман хонандагони зиёд дошт. Ҳатто чанде аз навиштаҳоямро гурӯҳи ҳаҷвнигорони "Хандинкамон" ҳам ба саҳна гузошта буданд. 230 сомонӣ нафақа мегирам. Як фарзандам ба Русия рафта меояд.

Радиои Озодӣ: Ба ҳамкасбон чӣ маслиҳат медиҳед? Ба фикри шумо дар шароити имрӯза рӯзноманигорон чӣ гуна фаъолияти худро пеш баранд?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: Наздик ба нӯҳ сол дар зиндон нишаста баромадам. Ба рӯзноманигорони давлатӣ, ки ҳамеша маводи таърифӣ менависанд, муроҷиат карда мегӯям, ки ин амалатон ҳамқадам бо сиёсати президенти кишвар буданро ифода намекунад. Агар хоҳед, ки Тоҷикистони мо обод бошад, агар хоҳед, ки ба 35-солагии истиқлолият қадами бузург ниҳем, агар хоҳед, ки роҳҳои мо обод бошад, агар хоҳед, ки ҷавонои мо худашон барои хизмат ба сарҳад раванд, агар шумо хоҳед, ки мардуми мо ҷанговари хуб барои ҳифзи миллати худ бошанд, хоҳед, ки саноати кишвари мо бузург шавад, мардуми мо Русия нарафта, давлати худамонро обод кунанд, мардҳои мо аз занҳояшон ҷудо нагарданду ҳамсаронашон беваю кудаконашонро бе падар намонанд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки суханҳои маро нарезондаю начаконда чоп кунед, то президент ва дигарон хонанд.

XS
SM
MD
LG