Ссылки доступа

Ҳабси сиёсатшиноси узбекистонӣ Камолиддин Раббимов


Камолиддин Раббимов

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси маъруф ва коршиноси мустақили узбекистониро дар шаҳри Тошканд 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.

Дар ин бора хабарнигори узбекистонӣ Илёс Сафаров дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Ба гуфтаи Сафаров, шуруъ аз 17 апрел хонаводаи Раббимов наметавонад, бо вай тамос гирад. Пайвандони сиёсатшинос гуфтанд, вай соати 15 рӯзи 17 апрел аз хона берун шудааст.

"Ман ҳамагӣ 5-6 сония бо вай суҳбат кардам. Вай дар ин суҳбати кутоҳ гуфт, ки "Ман дар маҳбаси "Панелний" ҳастам. 15 рӯз". Ин маънои онро дорад, ки Камолиддин Раббимовро айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққати "Панелний" нигаҳ медоранд", - навишт Сафаров.

Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 17 апрел Раббимовро дар "дахолати беасос ба фаъолияти кормандони милиса, монеъ шудан ба кори онҳо ва иҷро накардани талаби қонуниашон" айбдор карданд.

Камолиддин Раббимов аз соли 2007 дар Фаронса зиндагӣ мекард. Чанд моҳи пеш ба Узбекистон баргашта буд.

XS
SM
MD
LG