Ссылки доступа

Дар Жанаозени Қазоқистон наздики сад коргари “Узенпромгеофизика” корпартоӣ доранд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон шуруъ аз 15 апрел наздики сад коргари ширкати нафткаши “Узенпромгеофизика” корпартоӣ эълом кардаанд.

Коргарон афзоиши сад дарсадии маош ва беҳсозии шароити кориро талаб доранд.

“Ман муҳандиси баландихтисос ҳастам. Бештар аз 550 доллар маош мегирам. Касоне ҳастанд, ки нисфи музди маро мегиранд. Бо ин маблағ ҳоло зиндагӣ кардан душвор аст. Соли гузашта мо корпартоӣ доштем, он замон маоши моро 30 дарсад афзуда буданд. Корфармо ҳоло омода аст, ки 20 дарсад афзоиш диҳад. Мо розӣ нестем. Талаби сад дарсадии афзоиши маошро дорем”, - гуфт яке аз эътирозгарон Ерик Содиров.

Роҳбарияти “Узенпромгеофизика” корпартоии коргаронро шарҳ надод. Ба иттилои расмӣ, ширкат соли 1994 ташкил шуда ва айни замон наздики 200 коргар дорад. Ширкат ба иктишоф ва кандани чоҳҳои нафт машғул аст.
XS
SM
MD
LG