Ссылки доступа

Садамаи Консорсиуми лӯлаи Хазар ба Қазоқистон садҳо миллион доллар зарар расондааст

Муовини сарвазир ва вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубаев гуфт, бино ба ҳисобҳои пешакӣ, садама дар Консорсиуми лӯлаи Хазар 100–150 миллиард танга (218-327 миллион доллар) хисоротро дар пай дорад.

"Хисорот дар ҳаҷми 100–150 миллиард танга аст. Агар корҳои барқарорсозӣ зуд анҷом шаванд, албатта, хисорот низ камтар мешавад", - изҳор дошт Жамаубаев 19 апрел.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дақиқ кардани ҳаҷми умумии хисорот номумкин аст, зеро он аз идома ёфтани корҳои барқарорсозӣ вобаста мебошад.

Консорсиуми лӯлаи Хазар чанд рӯз пеш хабар дод, ки дар натиҷаи туфони сахт дар терминали баҳрӣ дар наздикии Новороссийск садама рух додааст, ки коҳишёбии интиқоли нафтро дар пай хоҳад дошт. Ин консорсиум масири асосии содироти нафти Қазоқистон ба ҳисоб меравад.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон эълом карда буд, ки дар пайи садама дар Консорсиуми лӯлаи Хазар роҳи алтернативи содироти нафти ин кишвар ба хориҷрро ҷустуҷӯ мекунад.

чанд рӯз пеш хабар дод, ки дар натиҷаи туфони сахт дар терминали баҳрӣ дар наздикии Новороссийск садама рух додааст, ки коҳишёбии интиқоли нафтро дар пай хоҳад дошт. Ин консорсиум масири асосии содироти нафти Қазоқистон ба ҳисоб меравад.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон эълом карда буд, ки дар пайи садама дар Консорсиуми лӯлаи Хазар роҳи алтернативи содироти нафти ин кишвар ба хориҷрро ҷустуҷӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG