Ссылки доступа

Узбекистон хабари партоби мушакҳо аз Афғонистон ба Тирмизро рад кард


Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонд.

"Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Узбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат намегирад ва вазъ ором мебошад", - навиштааст ӯ дар канали худ дар Телеграм.

Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон аз сокинони он кишвар даъват кардааст, ки ба хабару овозаҳои беасос бовар накунанд.

Дар Вазорати дифои Узбекистон низ гуфтанд, ки хабари мушакборон шудани марзбонон дар Тирмиз ҳақиқат надорад.

XS
SM
MD
LG