Ссылки доступа

Қирғизистониҳо танҳо бо ҳавопаймо метавонанд ба Русия сафар кунанд


Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Москва дар пасманзари боз шудани гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон хабар додааст, ки шаҳрвандони кишвараш танҳо тавассути ҳайвопаймо метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Ба гуфтаи масъулони сафорат, шаҳрвандони Қирғизистон тариқи роҳҳои заминӣ метавонанд Русияро тарк кунанд.

Қазоқистон аз 11 апрели соли равон маҳдудиятҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Русия, Узбекистон ва Қирғизистонро бекор кард.

Ин гузаргоҳҳо аз моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус баста шуда буданд.

XS
SM
MD
LG