Ссылки доступа

Даҳҳо коргари ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" дар Қазоқистон корпартоӣ доранд


Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон даҳҳо коргари ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" рӯзи панҷум аст, ки бо талаби маоши бештар корпартоӣ доранд.

Рӯзи 15 апрел онҳо бо сабти наворе аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси вилояти Мангистау Нурлан Ногаев хоста буданд, ки ба вазъи онҳо мудохила кунанд.

"Мо панҷ рӯз аст, ки корпартоӣ дорем. Мақомот талабҳои моро қонеъ намекунанд. Мо ба роҳбарияти корхона нома навиштем. Ба номаи мо посух наомад ва ба ҳамин далел мо корпартоӣ ташкил кардем. Мо аз шумо мехоҳем, ки дар афзудани маоши мо мусоидат кунед", - гуфтанд коргарон дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Рӯзи 18 апрел аз мақомоти вилояти Мангистау ба коргоҳи мазкур рафта, бо ҳузури коргарону корфармо ҷаласа баргузор кардаанд. Аммо роҳбарияти корхона ба талаби коргарон розӣ нашудааст.

Ба иттилои расмӣ, ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" ягона корхонаест дар Қазоқистон, ки лӯлаҳои калонҳаҷми оҳанин истешсол мекунад. Ин корхона тақрибан 250 коргар дорад.

XS
SM
MD
LG