Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барои сабти телефонҳои мобилӣ маблағ намеситонанд


Вазорати рушди рақамии Қирғизистон тасмим надорад, ки барои сабти телефонҳои мобилӣ дар ҳаҷми 700 сом (муодили 8 доллари ИМА) пардохт ҷорӣ кунад.

Дар вазорати ба расонаҳо гуфтанд, ки тарҳи қонуни мавриди назар нодуруст шарҳ дода шудааст. Бино ба тағйирот ба қонун "Дар бораи алоқаи мобилӣ ва почта" ва дар бораи "Низоми иҷозатдиҳӣ дар Қирғизистон" - низоми ташхисдиҳии давлатии дастгоҳҳои алоқа мадди назар ҳастанд. Яъне, ҳамаи телефонҳои мобилии мавҷуд дар Қирғизистон бояд дар низоми мазкур сабт шаванд.

Гуфта мешавад, дар сурати сабт накардан давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз замони фаъолгардонии телефони мобилӣ дастгоҳ аз низоми хадамоти оператори мобилӣ маҳрум карда мешавад.

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон гуфтааст, ки тасмими мазкур ба кам шудани дастгоҳҳои бесифат ва ҳаҷми дастгоҳҳои қочоқӣ мусоидат мекунад. Ин вазорат гуфтааст, теъдоди зиёди дастгоҳҳои мобилӣ тавассути қочоқ ба Қирғизистон оварда мешаванд.

XS
SM
MD
LG