Ссылки доступа

Мирзиёев дар як ҷаласа 36 мансабдорро барканор кардааст


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 апрел дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба фаъолияти низоми маҳаллаҳо 36 мансабдорро аз мақом барканор кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Узбекистон Шерзода Асадов, дар ин ҷаласа раиси 1 ноҳия, 1 шаҳрдор, 12 муовини аввали раиси ноҳия, 2 додситони ноҳиявӣ, 2 додситони шаҳрӣ, 1 сардори пулис, 4 сардори нозироти андоз ва 11 сардори нозироти ҷумҳуриявӣ аз мақом барканор шудааст.

Бино ба хабарҳо, Мирзиёев дар ин ҷаласа бо шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳам суҳбат карда, ба ӯ, муовини аввал, сардори нозироти андози шаҳр низ танбеҳ додааст.

XS
SM
MD
LG