Ссылки доступа

Кормандони як ширкат дар Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ карданд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон наздики 150 коргари ширкати "ТрубРемСентр", ки ба поксозии чоҳҳои нафт машғул аст, корпартоӣ доранд.

Коргарони маоши бештар ва беҳсозии шароити кориро талаб доранд.

Онҳо рӯзи 19 апрел бо шиорҳои навсозии коргоҳ ва қатъи таъқиби аъзои иттифоқи коргарӣ ба корпартоӣ баромаданд.

Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи коргарони коргоҳ гуфт, коргарон соли дувум аст, ки маоши бештар талаб доранд, аммо корфармо дар ивази иҷрои талаби коргарон онҳоро таъқиб мекунад.

"Шароити корӣ сахт аст. Дастгоҳҳо даҳ соли охир аст, ки нав нашудаанд", - гуфт вай.

Меретаманови 34-сола афзуд, барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамкоронаш аз сӯи корфармо таъқиб мешавад.

XS
SM
MD
LG