Ссылки доступа

Шикояти бинокорони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ аз пардохт нашудани маошашон


Як гуруҳ аз бинокорони ба гуфтаи мақомоти қазоқ, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултон аз таъхир дар пардохти маошашон шикоят доранд.

Ҳудуди 30 бинокор субҳи 21 апрел бо талаби пардохти маошашон дар назди бинои масҷид ҷамъ шуданд. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, мақомот моҳи гузашта даҳҳо кормандеро, ки пардохти маошашонро талаб карданд, аз кор ронданд.

Намояндаи ширкати сохтмонӣ Вагир Исаев ба назди эътирозгарон рафта, гуфтааст, шикояти онҳо асос надорад ва таъхир дар рафти пардохти маош ба маҳдудиятҳои бонкӣ рабт дорад.

"Дар ҳоли ҳозир бо "Алфа-бонк" мушкил пеш омадааст. Мо пулҳои интиқолшударо наметавонем дастрас кунем ва барои ҳалли ин мушкил дар бонки дигар ҳисоб боз кардаем, то маоши кормандонро тавассути он пардозем", - изҳор доштааст ӯ.

Аммо кормандон ба гуфтаи намояндаи ширкат бовар накарданд ва таҷаммуъро идома доданд.

XS
SM
MD
LG