Ссылки доступа

Туркманистониҳоро барои аз меъёр зиёд харидани нон 15 рӯз ҳабс мекунанд


Акс аз Ишқобод

Мақомоти Туркманистон дар пасманзари бадшавии вазъи марбут ба норасоии орду нон назорати фурӯши онҳоро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ, бахусус дар шаҳри Ишқобод пурзӯр кардаанд.

Маъмурони пулиси пойтахти Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ талош доранд, онҳоеро муайян кунанд, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нон мехаранд.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис дар Ишқобод ба фурӯшгоҳҳои давлатӣ рафта, муштариёнеро, ки барои харидории нон навбат мепоянд, аксу навор мегиранд.

"Онҳо муштариёнро ҳушдор медиҳанд, ки барои аз меъёри муайяншуда бештар нон харидан 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт як сокини пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш 21 апрел.

Хабарнигори радио бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон хабар медиҳад, ки чандин мансабдори давлатӣ бо гумони сӯистифода аз мақоми хидматӣ дар хариди орду нон ҳабс шудаанд.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳар як муштарӣ аз 2 ё 3 дона нон бештар нафурӯшанд. Як дона нон дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ аз 5 то 10 манати туркманӣ арзиш дошта, дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ онро бо нархи арзонтар - 60 танга мефурӯшанд.

XS
SM
MD
LG