Ссылки доступа

Сафари қирғизистониҳои қарздор аз андоз ба хориҷ маҳдуд мешавад


Хадамоти давлатии андози Қирғизистон сафари 535 шаҳрванди ин кишварро ба хориҷ маҳдуд кардааст, ки аз пардохти андоз қарздор ҳастанд.

Ҳамчунин зидди 1128 андозсупорандаи қарздори дигари ин кишвар ба додгоҳ санад фиристода шудааст.

Хадамот мегӯяд, ин ниҳод бар асоси Кодекси нави андози Қирғизистон ҳақ дорад ба додгоҳ муроҷиат карда, маҳдуд кардани сафари онҳоеро ба хориҷ дархост кунад, ки худ ё ширкати зери раҳбарияшон аз андоз қарздор мебошанд.

Сафар дар ҳолате маҳдуд мешавад, ки худи андозсупоранда қарздории худро эътироф кардааст ва маблағи қарз низ аз 100 ҳазор сом (ҳудуди 1200 доллар) бештар мебошад.

XS
SM
MD
LG