Ссылки доступа

Маъмурони амниятии Қазоқистон хонаи ҳуқуқшиносонро бозҷӯӣ карданд


Вакили дифои қазоқистонӣ Галим Нурпеисов хабар дод, ки ҳамсараш Шалипа Беккулова дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи он кишвар бозпурсӣ ва манзили онҳо дар Чимкент бозҷӯӣ шудааст.

Шалипа Беккулова ҳуқуқшиноси созмони ҳомии ҳуқуқи "Ар.Рух.Хак" мебошад ва се рӯз пеш хабар дода буданд, ки зидди вай тафтишот оғоз шудааст.

Маъмурони шуъбаи амнияти Чимкент субҳи 23 апрел ба манзили зисти ҳуқуқшиносон рафта, онро бозҷӯӣ кардаанд.

"Гуфтанд, хонаро барои он бозҷӯӣ мекунанд, ки гӯиё ҳамсари ман дар ҳодисаҳои моҳи январ даст дорад. Аммо вай ҳамчун ҳуқуқшинос вазифаи касбии худро анҷом медиҳад ва ҳеч гуна қонуншикание накардааст. Онҳо дар аввал ӯро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ ва сипас омада, хонаро бозҷӯӣ карданд", - изҳор дошт вакили дифоъ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Коршиносон амали маъмурони амниятии қазоқро фишор ба вакилони дифоъ ва созмонҳои ҳоомии ҳуқуқ медонанд.

XS
SM
MD
LG