Бино ба иттилои хабаргузории vlast.kz, дар миёни боздоштшудаҳо Айгерим Тлеужан ва рӯзноманигор Даниёр Молдабеков низ ҳастанд.
Фаъолони маданӣ 24 апрел дар назди бинои Академияи илмҳои Қазоқистон дар Алмато ҷамъ омада, раҳоии онҳоеро талаб карданд, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дастгир шудаанд.
Фаъоли мадании қазоқ Айгерим Тлеужан гуфт, онҳо пешакӣ шаҳрдории Алматоро огаҳ карда буданд, ки чунин таҷаммуъ баргузор мекунанд. Ӯ афзуд, то замони озод шудани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ҳар ҳафта тазоҳурот баргузор мекунад.
Намояндагони шаҳрдории Алмато тазоҳуроти фаъолонро "ғайриқонунӣ" номида, талош карданд, ки онҳоро пароканда созанд. Хабаргузорӣ навишта, ки ҷамъан 12 иштирокчии ҳамоиши эътирозӣ дастгир шудааст.